Назорати нақлиёт
бо GPS трекер
Системаи пешрафтаи GPS-мониторинг барои нақлиёт ва кормандон. Платформаи Dushanbe Track – веб, Android, iOS ба 25 забон.
Системаи пешрафтаи GPS-мониторинг барои нақлиёт ва кормандон. Платформаи Dushanbe Track – веб, Android, iOS ба 25 забон.
Се намуди асосии GPS-мониторинг барои ниёзҳои ширкати шумо.
Барои хондани маълумоти пурра дар бораи маҳсулотҳо аввал дар болои акс зер кунед !
Барои ҳар мизоҷ аккаунти фардӣ бо имкони идоракунии тамоми дастгоҳҳо.
Ширкатҳои пешрафтаи Тоҷикистон дар бораи Dushanbe Track чӣ мегӯянд
Системаи мониторинги Dushanbe Track хеле дақиқ кор мекунад. Суръат ва масрафи сӯзишвории мошинҳои боркашониро ҳозир пурра назорат мекунем. Ташаккур ба дастгирии техникӣ!
Барои хадамоти таҳвили мо трекерҳои фишурдаи ин ширкат кӯмаки калон расонданд. Ронандагон дигар беҳуда вақт гузаронида наметавонанд. Сайти касбӣ ва замимаи олӣ!
Видеорегистраторҳои GPS-дори Dushanbe Track-ро дар таксиҳои ширкат насб кардем. Назорати дохили мошин ва мавқеъ дар вақти воқеӣ амнияти моро 100% таъмин кард.
Бале, барои нигоҳдории маълумот дар сервер, пайвасти SIM-корт ва дастрасии 24/7 ба платформаи веб ва замимаи мобилӣ обунапулии моҳона мавҷуд аст. Нархи он вобаста ба шумораи дастгоҳҳо ва намуди тарифи интихобкардаи шумо устувор ва дастрас мебошад.
Насби як дастгоҳи стандартӣ аз ҷониби мутахассисони техникии мо вобаста аз намуди нақлиёт (сабукрав ё боркаш) тақрибан аз 30 то 60 дақиқа вақт мегирад. Насбкунӣ комилан бехатар буда, ба низоми электронии мошини шумо зарар намерасонад.
Дастгоҳҳои мо бо мавҷгирҳои (антенна) пурқуввати GPS ва ГЛОНАСС муҷаҳҳаз мебошанд. Дар ҷойҳое, ки алоқаи мобилӣ муваққатан гум мешавад, трекер тамоми ҳаракатро дар хотираи дохилии худ (Flash-памят) сабт мекунад ва вақте ки мошин дубора ба минтақаи алоқа ворид шуд, маълумотро пурра ба сервер мефиристад.
Ба тамоми таҷҳизоти касбии мо кафолати расмии 1-сола дода мешавад. Дар сурати ба вуҷуд омадани мушкилоти техникӣ, гурӯҳи дастгирии мо вазъиятро тариқи онлайн ё бо омадан ба ҷойи ҳодиса дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф мекунад.
Мо омодаем тафсилоти лоиҳаро муҳокима ва беҳтарин ҳалро пешкаш намоем.